ДАЪВАТ КАРД АСИРИ АМРИКОӢ АФҒОНИСТОНРО ТАРК НАМОЯНД
Доҳа, 20 июл. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Ширкати телевизионии «Алҷазира» — и Қатар сабти навори видеоии хизматии ҳарбии амрикоиро намоиш дод, ки толибон дар қисмати шарқии Афғонистон дар вилояти Пактиё асир гирифтаанд. Дар навор аскари ҷавони амрикоӣ тасвир ёфтааст, ки либоси анъанавии афғонӣ пӯшида буд. Вай роҳбарияти мамлакаташро даъват намуд, ки тамоми қисмҳои ҳарбии худро фавран аз Афғонистон барорад. Асири ҳарбӣ ба роҳбарияти мамлакатш хитоб карда, гуфт: «Хоҳишмандам, моро, аз асорат наҷот дода, ба зодгоҳамон баргардонед. Мо намехоҳем умри худро дар ин сарзамини бегона бе ягон мақсад ва беҳуда гузаронем!». Дар навор инчунин, гарданбанди оҳанини хизматчии ҳарбии амрикоӣ намоиш дода шуд, ки дар он ному фамилияи ӯ сабт шудааст. Аскари мазкур ягона хизматчии ҳарбии амрикоӣ мебошад, ки бади соли 2002 дар Афғонистон асир гардидааст. Хабар дода мешавад, ки ҷузъу томҳои низомии ИМА моҳи июл ба муқобили Толибон маъракаи доманадори ҳарбӣ оғоз кард. Вазорати мудофиаи ИМА воқеаи нишон додани асири ҳарбиро дар телевизиони «Алҷазира» шадидан маҳкум намуд. Қайд карда шуд, ки ин иқдом ҳадафи ташвиқу тарғиби фаъолияти ҷунбиши толибонро дорад. Мо онро як навъ поймол намудани ҳуқуқи байналхалқӣ шуморида, кӯшиш хоҳем кард, ки аскари асирафтода ҳар чӣ зудтар озод карда ба ватан баргардонда шавад, гуфта мешавад дар изҳороти дафтари матбуоти Пентагон. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






