КӢ БА КУАЛА-ЛУМПУР МЕРАВАД?
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Моҳи ноябри соли 2009 дар пойтахти Малайзия-шаҳри Куала-Лумпур даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии қитъаи Осиё дар намуди футзал (қуваозмоии футболбозон дар толорҳои хурд) баргузор мегардад. Дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард. Инчунин варзишгарони мамлакатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ-Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок менамоянд. Дастаи футболбозони Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқа бо футболбозони Туркманистон қувва меозмоянд. Баъд қувваозмоии футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад. Қувваозмоии футболбозони тоҷику афғон аз ҳама охир ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқа 3 дастаи беҳтарин дар мусобиқаи футболбозони қитъаи Осиё ширкат меварзанд, ки дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад гашт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






