КӢ БА КУАЛА-ЛУМПУР МЕРАВАД?

Июль 6, 2009 16:42

                    Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Моҳи ноябри соли 2009 дар пойтахти Малайзия-шаҳри Куала-Лумпур даври интихобии мусобиқоти қаҳрамонии қитъаи Осиё дар намуди футзал (қуваозмоии футболбозон дар толорҳои хурд) баргузор мегардад.  Дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар ин мусобиқа иштирок хоҳад кард. Инчунин варзишгарони мамлакатҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ-Афғонистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ иштирок менамоянд.                   Дастаи футболбозони Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқа бо футболбозони Туркманистон қувва меозмоянд. Баъд қувваозмоии футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мегардад. Қувваозмоии футболбозони тоҷику афғон аз ҳама охир ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои ин мусобиқа 3 дастаи беҳтарин дар мусобиқаи футболбозони қитъаи Осиё ширкат меварзанд, ки дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад гашт.  

Июль 6, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад