КИТОБИ ДАРСИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ БАРОИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ИДМ
Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Нашриёти «Ключ — С» — и шаҳри Маскав қисми аввали китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» — ро барои мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ бо теъдоди ҳазор нусха аз чоп баровард. Китоб бо кӯмаки Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ чоп шуд. Мураттибони он — узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илми ҷамъиятштносӣ Ҳалима Хушқадамова, эроншиноси маъруфи Русия, мудири шӯъбаи филологияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, доктори илми филология Владимир Иванов ва дотсенти Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав, номзади илми филология Елена Семёнова мебошанд. Китоби дарсии мазкур барои донишҷӯён ва аспирантҳои мактабҳои олии мамлакатҳои ИДМ пешбинӣ карда шудааст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони хориҷӣ меомӯзанд. Қисми аввали китоб 23 машғулиятро дар бар мегирад. Талабагон онро мутолиа карда, дар машғулиятҳо ширкат варзида, калимаю ибораҳои серистеъмоли забони тоҷикиро меомӯзанд ва бо ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон аз наздик шинос мегарданд. Дар китоб дар бораи меъёрҳои грамматикаи забони тоҷикӣ маълумот дода мешавад. Китоби мазкур дар факултаи таърихи Донишкадаи мамлакатҳои Осиё ва Африқои назди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ва Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии Маскав санҷида шуд. Гурӯҳи мураттибон айни ҳол китоби дуюми «Забони тоҷикӣ» — ро барои мактабҳои олии ИДМ тайёр карда истодааст. Тарҷумон — Қудратов А.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






