ПРЕЗИДЕНТҲОИ АФҒОНИСОН, ПОКИСТОН ВА РУСИЯ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД
Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назриев, рӯзҳои наздик роҳбари давлати Покистон Осиф Алим Зардорӣ бо сафари расмӣ озими Тоҷикистон мегардад. Дар назар аст, ки дар рӯзҳои сафари расмии ӯ президенти Россия Дмитрий Медведов ва президенти Афғонистон Ҳомид Карзай низ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Мақсад аз ташрифи роҳбарони давлатҳои фавқулзикр муҳокимаи пайвасти роҳи нақлиётӣ, алоқа ва хатти шабакаҳои барқии Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мебошад. Дар ин дидор ҳамчунин масъалаи амалӣ сохтани Барномаи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва таъсиси бозори фурӯши қувваи барқи Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ дар доираи Барномаи «CASA — 1000» мебошад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






