РӮЗИ ЗАБОНРО ДАР БОҒИ РӮДАКӢ ҶАШН МЕГИРАНД
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Бахшида ба Рўзи забон Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 22 июл дар Боғи истироҳат ва фароғатии шаҳри Душанбе ба номи Абуабдуллои Рўдакӣ барномаи идона баргузор мегардонанд. Дар он раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, намояндагои Ҳукумати шахр ва аҳли илму адаби ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард. Аз рӯи барномаи тарҳрезишуда, дар чорабинии мазкур шоирон Муҳаммад Ғоиб, Меҳриниссо, Раънои Мубориз, Низом Қосим қироати шеър намуда, ҳунармандони хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Файзалӣ Ҳасанов, Афзалшо Шодиев, Лола Азизова, Парда Қосим ва ансамбли рақсии «Лола» бо баромадҳои консертии худ табъи тамошобинонро шод мегардонанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






