«ШОҲОНА», «ОРИЁ» ВА «ВИСОЛ» ХОНИ ДУШАНБЕГИҲОРО ПУРНОЗ МЕГАРДОНАНД
Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тиҷорати фурӯзон», «Наҷмуддинов», «Висол», «Ёқутиён», «Графика Арт», «Помир — чарм», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ориё» ва Корхонаи фаръии заводи машруботи «Шоҳона» аз корхонаҳои саноатии пойтахт мебошанд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корхонаҳои мазкур аз ҳисоби ба истифода додани хатҳои истеҳсолии нав бо ҷалби сармояи ватанӣ ташкил карда шудаанд. Ин корхонаҳо бо таҷҳизоту хатҳои технологии муосир ҷиҳозонида шуда, маҳсулоти коркарди резин ва истеҳсоли пойафзол, дӯзандагӣ, коркарди чарм, маводи сохтмон, маҳсулоти полиграфӣ, машрубот ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол намуда, ҷиҳати ташкили беш аз 100 ҷои кор дар пойтахт мусоидат намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






