«ШОҲОНА», «ОРИЁ» ВА «ВИСОЛ» ХОНИ ДУШАНБЕГИҲОРО ПУРНОЗ МЕГАРДОНАНД

Июль 21, 2009 09:53

                   Душанбе, 21 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тиҷорати фурӯзон», «Наҷмуддинов», «Висол», «Ёқутиён», «Графика Арт», «Помир — чарм», Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ориё» ва Корхонаи фаръии заводи машруботи «Шоҳона» аз корхонаҳои саноатии пойтахт мебошанд, ки дар нимсолаи аввали соли равон ба фаъолият шурӯъ намуданд.                    Аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корхонаҳои мазкур аз ҳисоби ба истифода додани хатҳои истеҳсолии нав бо ҷалби сармояи ватанӣ ташкил карда шудаанд.                    Ин корхонаҳо бо таҷҳизоту хатҳои технологии муосир ҷиҳозонида шуда, маҳсулоти коркарди резин ва истеҳсоли пойафзол, дӯзандагӣ, коркарди чарм, маводи сохтмон, маҳсулоти полиграфӣ, машрубот ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ истеҳсол намуда, ҷиҳати ташкили беш аз 100 ҷои кор дар пойтахт мусоидат намуданд.  

Июль 21, 2009 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад