СОҲИБКОРОНИ БАДАХШОН АЗ ҚОШҒАР БАРГАШТАНД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси вилояти МКБ Таваккал Рамазонов, соҳибкорони Бадахшон аз 24-уми июн то 2-юми июли соли ҷорӣ дар ярмаркае, ки дар маркази илмӣ-фарҳангии шаҳри Қошғғари Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар ин ярмака баробари тоҷирони Тоҷикистон ҳамчунин корчаллонҳои 40 давлат ва музофотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзиданд. Мақсад аз ширкати тоҷирони тоҷик дар ин ярмарка пайдо кардани сармоягузорони хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонӣ дар Бадахшон мебошад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар асоси имзои якчанд шартномаю созишномаҳои тарафайн, дар ВМКБ аз ҳисоби ашёи маҳаллӣ сохтмони корхонаҳои хурди хишт, семент, коркарди мева, ширу гӯшт, ва пашму пӯст ба роҳ монда мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






