СЎҲБАТИ МУХТАСАРИ РАИСИ БУНЁДИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ БО ХАБАРНИГОРОН

Июль 7, 2009 09:42

                   Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз 6 июл бо раиси Бунёди ҷаҳонии экологӣ Моника Барбут мулоқот кард.                   Моника Барбут баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлати Тоҷикистон бо хабарнигорон мухтасар сӯҳбат анҷом дод. Вай зикр кард, ки Бунёди ҷаҳонии экологӣ дар шароити имрӯза созмони калонтарине мебошад, ки ҳалли масъалаҳои экологиро ба зимма гирифтааст. Мо дар ҳалли проблемаҳои калонтарини экологӣ аз ҷумла бақои шаклҳои гуногуни ҳаёти зинда дар Замин ва олудашавии муҳити зист саҳми худро мегузорем.   Муассисаҳои бунёди мо дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон фаъолият доранд. Бунёди ҷаҳонии экологӣ то имрӯз ба мамлакатҳои ҷаҳон ба маблағи бештар аз 70 миллиард доллари ИМА кӯмак расондааст. Тоҷикистон ҳам аз кӯмакҳои бунёди мо баҳравар гардидааст, гуфт М.  Барбут. Вай афзуд, ки ҳамроҳи президент корҳои то имрӯз анҷомёфта баррасӣ намуда ва нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Ҳамкории мо минбаъд бо назардошти андешидани тадбирҳо барои рафъи оқибатҳои тағйир ёфтани иқлим ба роҳ монда мешавад.                   Инчунин зимни сӯҳбат бо Президент масъалаҳои олудашавии табиати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Маълум аст, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Тоҷикистон партовгоҳҳои хеле зиёди моддаҳои заҳрноки химиявӣ боқӣ мондаанд ва онҳо ба табиат, муҳити зист ва саломатии одамон таъсири манфӣ расонда метавонанд. Инчунин масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, мавриди истифода қарор додани захираҳои нафту газ муҳокима шудаанд. Бунёди ҷаҳонии экологӣ дар давоми се соли охир дар Тоҷикистон барои иҷрои панҷ барнома маблағ ҷудо кард, гуфт дар хотима Моника Барбут.                                                                                                        Тарҷумон Қудратов А.   

Июль 7, 2009 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст