ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ЭКСПО-2010 ИШТИРОК МЕНАМОЯД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Аз 1 май то 30 октябри соли 2010 дар шаҳри Шанхайи ҶМЧ намоишгоҳи байналхалқии молҳои саноатӣ «ЭКСПО-2010» баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин намоишгоҳ иштирок хоҳад кард. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи амалӣ сохтани табдирҳои марбут ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ қарор қабул карда буд. Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузошта шудааст. Мутахассисони вазорат 13 июл нақшаи иштироки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ва саҳми корхонаю муассисаҳоро дар ташкили он тартиб дод. Дар намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои калонтарини саноатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Толорҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳ рассомони тоҷик зебу оро медиҳанд. Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ояндаи наздик ҳамроҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо маъмурияти қисмати Тоҷикистонии намоишгоҳро таъин менамояд. Масоҳати толорҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ 324 метри мураббаъ аст. Тибқи анъана, дар давоми 6 моҳи фаъолияти намоишгоҳ, ҳар мамлакат рӯзи миллии худро баргузор менамояд. Рӯзи миллии Тоҷикистон ба моҳи сентябр таъин шудааст. Ба Кумитаи тадорукоти намоишгоҳи байнлахалқии «ЭКСПО-2010» аз Тоҷикистон Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов роҳбарӣ мекунанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






