ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ЭКСПО-2010 ИШТИРОК МЕНАМОЯД

Июль 16, 2009 16:31

                Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Аз 1 май то 30 октябри соли 2010 дар шаҳри Шанхайи ҶМЧ намоишгоҳи байналхалқии молҳои саноатӣ «ЭКСПО-2010» баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин намоишгоҳ иштирок хоҳад кард. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар бораи амалӣ сохтани табдирҳои марбут ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ қарор қабул карда буд. Иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузошта шудааст.  Мутахассисони вазорат 13 июл нақшаи иштироки Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ва саҳми корхонаю муассисаҳоро дар ташкили он тартиб дод. Дар намоишгоҳ маҳсулоти корхонаҳои калонтарини саноатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Толорҳои Тоҷикистонро дар намоишгоҳ рассомони тоҷик зебу оро медиҳанд. Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ояндаи наздик ҳамроҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо маъмурияти қисмати Тоҷикистонии намоишгоҳро таъин менамояд. Масоҳати толорҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ 324 метри мураббаъ аст.              Тибқи анъана, дар давоми 6 моҳи фаъолияти намоишгоҳ, ҳар мамлакат рӯзи миллии худро баргузор менамояд. Рӯзи миллии Тоҷикистон ба моҳи сентябр таъин шудааст. Ба Кумитаи тадорукоти намоишгоҳи байнлахалқии «ЭКСПО-2010» аз Тоҷикистон Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов роҳбарӣ мекунанд. Тарҷумаи Зебо Иноятова

Июль 16, 2009 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид