ВАҚТИ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЙҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 1,5 СОАТ КАМ КАРДА ШУД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 1-уми августи соли ҷорӣ вақти гузаронидани тӯйҳо дар шаҳр аз 3 соати муқарраршуда то 1,5 соат кам карда мешавад. Қабули ин қарор яке аз маҷмӯи он масъалаҳоест, ки дар сессияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул гардид. Тибқи қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои шаҳр ӯҳдадор карда шуданд, ки дар давоми 5 рӯз дар ҳар як маҳаллаю шаҳрак ташкилотҳои ҷамъиятии ташаббускор таъсис дода шуда, минбаъд дар якҷоягӣ бо онҳо оид ба расонидани иттилооти саривақтӣ ба аҳолӣ ҳамкорӣ намоянд, зеро сабаби бисёр қоидавайронкуниҳо аз рӯи нофаҳмӣ мебошад. Комиссия корхои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ба роҳ монда, сокинони пойтахтро бо қарор, амр ва супоришҳои шаҳрдорӣ ошно месозад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






