ҒАМХОРӢ БА МОДАРУ КӮДАК
Ҳисор , 18 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Агентии рушди байналхалқии ИМА ҳамроҳи Корпуси шафқат дар ноҳияи Ҳисор барномаи махсуси ҳифзи саломатии модару кӯдакро амалӣ месозад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барномаи мазкур аз моҳи октябри соли 2008 сар карда, дар ҳафт ноҳияи вилояти Суғд амалӣ карда шуд. Тавассути барномаи мазкур имконияти ҷамоатҳои маҳаллӣ барои беҳтар сохтани вазъияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии модару кӯдак истифода бурда мешаванд. Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва кормандони Корпуси шафқат усулҳои пешқадам ва таҷрибаи мусбати дар давоми иҷрои барнома бадастомадаро дар байни аҳолӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. Ҳадафи онҳо беҳтар сохтани шароити зиндагии модароне, ки бачагони то 5 сола доранд ва ба ин васила кам кардани миқдори вафоти модарону кӯдакон мебошад. Мувофиқи барнома, хоҷагиҳои шахсӣ роҳу усулҳои нигоҳубини занони ҳомила ва бачагони хурдсоли беморро меомӯзанд. Инчунин ба тарзи ғизодиҳӣ ба кӯдакони навзод диққати калон дода мешавад. Менеҷери барнома Саъдӣ Иззатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба иҷрои барнома дар ҷамоатҳои Хонақоҳи кӯҳӣ ва Навобод диққати бештар дода мешавад. Дар ин ҷамоатҳо 11 ҳазору 347 зани қобили таваллуд ва 7329 бачаи хурдсоли то 5 сола ба қайд гирифта шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






