ҲАЛОКАТИ КОРМАНДИ САҲА ДАР ХАРАНГОН

Август 10, 2009 11:39

                    Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Корманди Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Чеслав Белявский 9 август дар дараи Харангон дар масофаи даҳкилометрии самти шимолии шаҳри Душанбе ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд.                      Чеслав Белявский кӯҳнаварди касбӣ буда, дар мавзеи Харангон ба шаш нафар корманди созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои хориҷӣ машғулияти кӯҳнавардӣ мегузаронд. Дар натиҷаи носозии техникии асбобу анҷоми кӯҳнавардӣ Ч.Белявский аз баландии 25 метр ба замин афтод ва маҷрӯҳ шуда, дар натиҷа вафот кард.                       Субҳи 10 август дар ибодатхонаи католикии шаҳри Душанбе ҷанозаи марҳум хонда шуд. Ҷасади ӯ бо ҳавопаймо ба ватанаш — Лаҳистон фиристода мешавад.                       Ч.Белявский дар Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009 то имрӯз кор мекард. Ӯ аз Лаҳистон ба Душанбе фиристода шуда буд.

Август 10, 2009 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!