ҲИРСИ ПУЛ БОИСИ МАРГ ГАШТ

Август 19, 2009 11:57

                    Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 18 август соати 5 дар дохили ҷӯйбори назди нуқтаи сӯзишворӣ воқеъ дар чорроҳаи Якоуруқи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ҷасади шаҳрванд Мустақимбек Азизов, соли таваллудаш 1961, истқоматкунандаи ҷамоати номбурда, фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёб карда шуд.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадҷон Назриев хабар дод, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ҷинояткор Баҳрулло Нарзуллоев соли таваллудаш 1981, истқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ, деҳаи Фатмев, бекор, дастгир карда шуд.                    Бояд қайд намуд, ки мавсуф рӯзи 17 август бо мақсади ба даст овардани даромади муфт вориди нуқтаи сӯзишвории мазкур шуда, фурӯшанда Азизовро лату кӯб мекунад. Ҷинояткор ба сари Азизов бо санг зарба мезанад, ки дар натиҷа ӯ аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат мерасад. Оиди ин ҳодиса бо моддаи 104 (куштор) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.  

Август 19, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд