ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ГАНДУМ
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва намояндагони муассисаҳои озуқаю кишоварзии СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2009 бояд дар Тоҷикистон ҳосили фаровони гандум ба даст оварда шавад. Тибқи нақша имсол дар мамлакат бояд як миллиону 153 ҳазор тонна гандум ҷамъ оварда шавад. Қайд кардан лозим аст, ки деҳқонони мамлакат имсол дар масоҳати 431, 244 ҳазор гектар гандум парвариш намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар мамлакат 610 ҳазор тонна ғалла ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин ҷумла, 567 ҳазору 520 тоннаро танҳо гандум ташкил медиҳад. Ба қавли мудири шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғалладонаи Вазорати кишоварзӣ Муҳаммадӣ Ормонов, имсол бояд дар Тоҷикистон ҳосили рекордии ғалла, аз ҷумла гандум ҷамъ оварда шавад. Ба туфайли ин нархи гандум аз 2 сомонии соли 2008 — ум имсол то 80 дирам арзон шудааст. Вобаста ба ин ояндаи наздик арзон гардидани орд ва навъҳои гуногуни нон низ пешгӯӣ карда мешавад. Маъракаи ҷамъоварии ғалла бояд то 25 август ба охир расад. Ҳоло дар ҷамъоварии ғалла бештар аз 300 комбайн, инчунин комбайнҳои хусусӣ истифода бурда мешавад. Дар баъзе маҳалҳо гандуму ҷавро дастӣ дарав мекунанд. Мувофиқи дастури сардори давлат, имсол дар мамлакат бояд дар масоҳати 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Деҳқонон то имрӯз дар масоҳати 153 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






