АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ

Август 21, 2009 10:01

                   Кобул, 21 август. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Дар Афғонистон дар ҷараёни интихоботи президенти мамлакат, ки 20 август баргузор гардид, бар асари амалиёти террористӣ 26 нафар, аз ҷумла, сокинони маҳаллӣ ва кормандони политсия ҳалок шуданд.                   Рӯзи интихобот, аз ҷумла дар Кобул якчанд таркиш рух дод. Дирӯз дар ҳамин ҷо дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд силоҳбадаст кушта шуд. Дастаҳои мусаллаҳи «Толибон» рӯзи интихобот маркази вилояти Ҳилманд — шаҳри Лашкаргоҳро ҳадафи ракетаҳо қарор доданд.                    Хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Бағлон ҷараёни овоздиҳӣ дар натиҷаи ҳуҷуми силоҳбадастон ба шаҳр қатъ карда шуд. Қисмҳои ҳарбии ҳукуматӣ ҳуҷуми силоҳбадастонро зада баргардонданд. Дар ҷараёни задухӯрдҳо дар ин ҷо сардори политсияи маҳаллӣ ва чанд корманди политсия ба ҳалокат расид.                     Аз рӯи хабарҳои расида, президенти ҳозираи Афғонистон Ҳомид Карзай ва рақиби асосии ӯ Абдуллои Абдулло дар интихобот натиҷаҳои баробар ба даст оварданд.                   Теъдоди тарафдорони Карзай дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқӣ зиёданд, Абдуллои Абдуллоро дар вилоятҳои шимол ва шарқ бештар дастгирӣ мекунанд. Дар бораи натиҷаҳои интихобот дар вилоятҳои ғарбии Афғонистон то ҳол ягон маълумот нарасидааст.                   Аз рӯи маълумоти Комиссияи мустақили интихобот рӯзи овоздиҳӣ тақрибан 5 фоизи қитъаҳои овоздиҳӣ баста буданд. Бояд гуфт, ки маълумоти Комиссияи мустақили интихобот ва маълумоти бадастовардаи журналистон аз ҳамдигар фарқи калон доранд. Натиҷаҳои интихобот то 3 сентябр маълум хоҳад гашт.

Август 21, 2009 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад