БАРҚИЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲОМИД КАРЗАЙ

Август 19, 2009 11:45

               Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрики ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:               Ҷалолатмаоб,               Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвари дӯст — ҷашни 90-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлати Афғонистон қабул фармоед.               Мардуми бародари Афғонистон дар тули 90 соли таърихи навини хеш дар рафъи мушкилоти сершумор заҳматҳои беандоза кашид ва ба дастовардҳои муҳим ноил гашт. Ва имрӯз Шумо, Ҷалолатмаоб, барои таҳкими низоми сиёсӣ, пешрафт ва ободии ин сарзамини бостонӣ ҷаҳд намуда, ҷиҳати истиқрори сулҳ, амният, бозсозӣ, пешрафт ва саодати зиндагии мардуми Афғонистон саъю талоши ҳамарӯзӣ ба харҷ медиҳед.                 Рушду густариши равобити дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар тамоми заминаҳо омили муҳими амну осоиши минтақа буда, ҷавобгӯи манофеъи олии ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг аст. Тавофуқоти ҳосилшуда ҳангоми сафари кории ба наздикӣ суратгирифтаи Шумо ба Тоҷикистон ва ҳамкории бунёдии рушдёбандаи мо баёнгари возеҳи он аст.                 Дар ин рӯзи саид ба Ҷалолатмаоб аз самими қалб хушбахтиву саломатии бардавом ва пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам ва ба мардуми дӯсти Афғонистон хушрӯзӣ ва саодат таманно дорам.  

Август 19, 2009 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ