ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ҚИРҒИЗ &#1

Август 14, 2009 09:35

                  Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Мувофиқи созишномаи ҳамкории вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Қирғизистон дар мактабҳои олии мамлакати мо барои донишҷӯёни қирғиз ҷой ҷудо карда мешавад, ки дар мамлакати худ ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд.                  Аз ҷумла, имсол дар мактабҳои олии Тоҷикистон барои донишҷӯёни тоҷикзабони Қирғизистон 29 ҷой ҷудо карда шуд. Донишҷӯёни қирғиз имсол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникӣ, Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров қабул карда мешаванд.

Август 14, 2009 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш