ФОҶИАИ МИЛЛАТИ РУС
Маскав, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 12 август дар Сочи бахшида ба проблемаи майзадагӣ дар мамлакат машварат гузаронд. Солҳои охир барои кам кардани истеҳсол ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор дар мамлакат, маҳдуд сохтани фурӯши онҳо, кам кардани рекламаи нӯшокиҳои спиртдор ва муқаррар намудани ҷазои сахт нисбати ронандагоне, ки мастомаст мошин меронанд, силсилаи тадбирҳо андешида шудаанд, гуфт Д.Медведев. Вале бо вуҷуди ин дар ин бобат то имрӯз ягон тағйироти назаррас мушоҳида намешавад. Кушоду равшан гуфтан мумкин аст, ки майзадагӣ дар мамлакат ба фоҷиаи миллӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии мамлакат ҳар сокини Русия дар як сол ба ҳисоби миёна 18 литр спирти тоза истеъмол мекунад. Ба ин ҳисоб ҳатто кӯдакони навзод ҳам дохил мешаванд. Ин ба ҳисоби миёна 90 шишаи нимлитра арақ, 720 шиша пиво ва 214 шиша винои 0,7 литраро ташкил медиҳад. Ба қавли президент, чунин ҳаҷми калони истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор нисбат ба меъёри муқаррарӣ бештар аз 2 баробар зиёд аст. Президент таъкид намуд, ки мубориза ба муқобили майпарастию нашъамандӣ бояд муттасил давом дода шавад. Д.Медведев дар баробари ин зарурати истифодаи таҷрибаи самарабахши мамлакатҳои дигарро дар мубориза ба муқобили майзадагӣ таъкид намуд. Шӯрои Федератсия пешниҳод намуд, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртдор ба занони ҳомила, заноне, ки кӯдаки ширмак доранд ва одамони гирифтори бемориҳои гуногун аз ҷумла, майзадагон манъ карда шавад. Сардухтури санитарии Федератсияи Русия Геннадий Онишенко моҳи апрел хабар дода буд, ки айни ҳол дар Русия 2,5 миллион шахси майзада ба қайд гирифта шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






