ФОҶИАИ МИЛЛАТИ РУС

Август 14, 2009 08:27

                   Маскав, 14 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев 12 август дар Сочи бахшида ба проблемаи майзадагӣ дар мамлакат машварат гузаронд. Солҳои охир барои кам кардани истеҳсол ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор дар мамлакат, маҳдуд сохтани фурӯши онҳо, кам кардани рекламаи нӯшокиҳои спиртдор ва муқаррар намудани ҷазои сахт нисбати ронандагоне, ки мастомаст мошин меронанд, силсилаи тадбирҳо андешида шудаанд, гуфт Д.Медведев. Вале бо вуҷуди ин дар ин бобат то имрӯз ягон тағйироти назаррас мушоҳида намешавад.                 Кушоду равшан гуфтан мумкин аст, ки майзадагӣ дар мамлакат ба фоҷиаи миллӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии мамлакат ҳар сокини Русия дар як сол ба ҳисоби миёна 18 литр спирти тоза истеъмол мекунад. Ба ин ҳисоб ҳатто кӯдакони навзод ҳам дохил мешаванд. Ин ба ҳисоби миёна 90 шишаи нимлитра арақ, 720 шиша пиво ва 214 шиша винои 0,7 литраро ташкил медиҳад.                   Ба қавли президент, чунин ҳаҷми калони истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор нисбат ба меъёри муқаррарӣ бештар аз 2 баробар зиёд аст.                   Президент таъкид намуд, ки мубориза ба муқобили майпарастию нашъамандӣ бояд муттасил давом дода шавад.                  Д.Медведев дар баробари ин зарурати истифодаи таҷрибаи самарабахши мамлакатҳои дигарро дар мубориза ба муқобили майзадагӣ таъкид намуд.                  Шӯрои Федератсия пешниҳод намуд, ки фурӯши нӯшокиҳои спиртдор ба занони ҳомила, заноне, ки кӯдаки ширмак доранд ва одамони гирифтори бемориҳои гуногун аз ҷумла, майзадагон манъ карда шавад.                   Сардухтури санитарии Федератсияи Русия Геннадий Онишенко моҳи апрел хабар дода буд, ки айни ҳол дар Русия 2,5 миллион шахси майзада ба қайд гирифта шудааст.  

Август 14, 2009 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид