ИСТЕҲСОЛИ АЛЮМИНИЙ КАМ ШУД
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон дар давоми 7 моҳи гузаштаи соли равон бештар аз 198,3 ҳазор тонна алюминий истеҳсол намуда, нақшаи истеҳсоли онро 1,2 фоиз барзиёд иҷро намуд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,7 фоиз кам мебошад. Мувофиқи нақшаи соли равон дар корхона бояд 377 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда шавад, ҳол он ки соли гузашта дар ин ҷо 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуда буд. Охири соли равон дар ноҳияи Ёвон корхонаи электрохимиявӣ ба кор дароварда мешавад. Корхона ҳар сол 12 ҳазор тонна криолит ва 18 ҳазор тонна алюминии фтордор истеҳсол хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






