КӮМАКИ ИМА БА МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ «СУҒД»
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндагии Агентии рушди байналхалқии ИМА дар Тоҷикистон дирӯз, 18 август ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба маблағи 23 ҳазор доллари ИМА асбобу анҷоми идорӣ ва мебел тӯҳфа кард. Кӯмаки мазкур ба воситаи барномаи озод намудани савдо ва ислоҳоти соҳаи гумрук расонда шуд. Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Агентии рушди байналхалқии ИМА илова ба кӯмаки мазкур Кодекси гумруки Тоҷикистонро барои муқаррар намудани мувофиқати он бо меъёрҳои байналхалқӣ ва қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат мавриди таҳлил қарор дод. Ҳамчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати ташкили мулоқоти навбатии гурӯҳи корӣ дар масъалаи қабули Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат мусоидат карда шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






