КОНСЕРТИ КАЛОН БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).-9 сентябр консерти калон бахшида ба 18-солагии Рӯзи Истиқлолият дар толори «Кохи Борбад» баргузор мегардад. Дар барномаи консертӣ беҳтарин ҳунармандони эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Консертро дастаи ҳунармандони ҷавони гурӯҳи «Истиқлол»-и театри ба номи А. Лоҳутӣ таҳти мусиқии оркестри давлатии театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ оғоз мекунад. Дар давоми намоишномаи консертӣ гурӯҳи рақсии ансамбли «Лола» ва ҳунармандони варзидаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳунармандони театри опера Рустам Дуллоев ва Адҳам Халиков порчаҳоро аз асари саҳнавии «Травиата» ва «Аттила» иҷро хоҳанд кард. Инчунин дар консерт ансамблҳои рақсии «Зебо», «Гулрез» ва «Рухшона» ҳунарнамоӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






