МАКТАБҲОИ ТИПИ НАВ ТАЛАБОТИ ЗАМОН
Душанбе, 20 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши мактабҳои типи нав дар дарёфти хонандагони болаёқат», таҳти чунин унвон 21-уми август дар толори мактаб-интернати махсусгардонидашудаи президентӣ, воқеъ дар шаҳри Чкаловск семинари ҷумҳуриявии сарварони муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат ва литсей-гимназияҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Дар семинари ҷумҳуриявӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок ва сухан менамояд. Ҳадафи семинар омӯхтани таҷриба, афзалияти мактабҳои типи нав дар рушди соҳаи маорифи кишвар дар шароити ҷомеаи мусоир аст. Дар ин чорабинии муҳим, ки як рӯз идома меёбад, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои ҷумҳурӣ, мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои кишвар ва сарварони литсею гимназияҳо иштирок менамоянд. Дар назар аст, ки иштирокчиёни семинар доир ба фаъолияти мактабҳои типи нав ва дастовардҳо дар раванди таълиму тарбия, нақши ташкили равияҳо дар дарёфти хонандагони боистеъдод, интихоб ва таълими шогирдони лаёқатманд табодули назар менамоянд. Ҳамчунин, низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони боистеъдод муаррифӣ мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






