МАКТАБҲОИ ТИПИ НАВ ТАЛАБОТИ ЗАМОН

Август 20, 2009 15:17

                   Душанбе, 20 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Нақши мактабҳои типи нав дар дарёфти хонандагони болаёқат», таҳти чунин унвон 21-уми август дар толори мактаб-интернати махсусгардонидашудаи президентӣ, воқеъ дар шаҳри Чкаловск семинари ҷумҳуриявии сарварони муассисаҳои махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат ва литсей-гимназияҳо баргузор мегардад. Дар ин хусус, сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Дар семинари ҷумҳуриявӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов иштирок ва сухан менамояд.                  Ҳадафи семинар омӯхтани таҷриба, афзалияти мактабҳои типи нав дар рушди соҳаи маорифи кишвар дар шароити ҷомеаи мусоир аст. Дар ин чорабинии муҳим, ки як рӯз идома меёбад, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои ҷумҳурӣ, мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои кишвар ва сарварони литсею гимназияҳо иштирок менамоянд.                   Дар назар аст, ки иштирокчиёни семинар доир ба фаъолияти мактабҳои типи нав ва дастовардҳо дар раванди таълиму тарбия, нақши ташкили равияҳо дар дарёфти хонандагони боистеъдод, интихоб ва таълими шогирдони лаёқатманд табодули назар менамоянд. Ҳамчунин, низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони боистеъдод муаррифӣ мегардад.

Август 20, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид