МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). -Гурӯҳи коршиносони ИДМ дирӯз дар Минск масъалаҳои ҷорӣ намудани маълумоти умумии омориро дар соҳаи муҳоҷират ва ташкили низоми мубодилаи маълумот дар байни муассисаҳои муҳоҷирати мамлакатҳои ИДМ мавриди баррасӣ қарор доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки коршиносон лоиҳаи созишномаро дар бораи мубодилаи маълумот муҳокима намуданд. Ҳадафи созишнома бештар сохтани самараи танзими ҷараёни муҳоҷират, амалӣ сохтани қарордоду созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байни давлатҳо дар ин соҳа мебошад. Қайд карда мешавад, ки маълумоти зарурӣ дар байни мамлакатҳо ба таври ройгон мубодила карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






