МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ САРФАИ ҚУВВАИ БАРҚ
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 20 август дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои сарфа кардани қувваи барқ конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. Дар он коршиносону мутахассисон ва олимони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ширкат меварзанд. Иштирокчиёни конфронс роҳу усулҳои сарфа кардани қувваи барқ ва афзун гардондани самаранокии онро баррасӣ менамоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки бо мақсади таъминоти беҳтари аҳолӣ бо қувваи барқ ва истифодаи ҳамаҷонибаи асбобу анҷом ва таҷҳизоти сарфакунандаи қувваи барқ 24 апрели соли равон фармони президенти ҷумҳурӣ қабул карда шуд. Мувофиқи он Тоҷикистон аз 1 майи соли 2009 бояд пурра ба истифодаи чароғакҳои каммасрафи барқӣ гузарад.Дар натиҷа имконияти сарфа кардани се миллиард киловатт — соат қуввваи барқ дар давоми як сол ба миён меояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






