НАРХИ ОЗУҚА БАЛАНД МЕШАВАД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ дараҷаи беқурбшавии пули миллӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли равон 3,1 фоизро ташкил дод. Беқурбшавии пул дар соҳаи истеъмолӣ ба 4 фоиз расид. Дар натиҷа нархи озуқа дар давоми 7 моҳи гузашта 1,9 фоиз баланд шуд. Аз ҷумла, нархи молҳои ғайриозуқаворӣ 3,5 фоиз ва нархи хизматҳои пулакӣ 8 фоиз боло рафт. Дар робита Бонки миллии ҷумҳурӣ дараҷаи беқурбшавии пулро дар давоми соли 2009 то 9 фоиз пешбинӣ менамояд. Дараҷаи беқурбшавии пул дар Тоҷикистон соли 2008 вобаста ба тағйир ёфтани нархи озуқа ва маводи энергетикӣ дар миқёси ҷаҳон 11,8 фоизро ташкил дод.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






