НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 13 август муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки бемории табларзаи хунин танҳо дар як ноҳия ба қайд гирифта, дар минтақаҳои дигари мамлакат паҳн нагардидааст. Муовини вазир изҳор намуд, ки бемории табларзаи хунин дар Тоҷикистон бештар аз 10 сол боз ба қайд гирифта мешавад ва ҳар сол ба ин беморӣ тақрибан 20 нафар гирифтор мегардад. Одатан ҳар сол аз ин беморӣ қариб 70 фоизи беморон вафот мекунанд, вале шумораи фавтидагон дар Тоҷикистон 30 — 35 фоизро ташкил медиҳаду халос, гуфт А.Мирзоев. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки бемории мазкур дар давоми 10 соли охир дар ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҷиргатол, Турсунзода, Восеъ, Данғара, Балҷувон ва Кӯҳистони Кӯлоб ба қайд гирифта шуд. Дар давоми 7 моҳи гузаштаи соли равон дар шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб, Душанбе ва ноҳияҳои Темурмалику Рӯдакӣ 12 нафар бемор дар шифохона табобат карда шуд. Аз ин ҷумла дар ноҳияи Турсунзода се нафар вафот кард. Шахсони боқимонда баъди ташхис ва табобат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Айни ҳол дар шифохонаи марказии бемориҳои сирояткунандаи ноҳияи Турсунзода ягон бемори гирифтори табларзаи хунин нест. Шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи ноҳия баъди безарар гардондани он бо доруҳои химиявӣ боз ба қабули беморон шурӯъ намуд. Дар ин ҷо беморон комилан ройгон бо ёрии доруҳои гаронбаҳо, аз ҷумла рибоверин табобат карда шуданд. Айни ҳол Вазорати тандурустӣ ҳамроҳи ташкилоту идораҳои дигар дар байни аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳо ва фаҳмондадиҳиро мегузаронад. Бинобар ин имрӯз барои ба воҳима андохтани аҳолӣ ягон асос вуҷуд надорад, гуфт дар хотима Аъзамҷон Мирзоев. Тарҷумон — Қудратов А.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






