НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

Август 13, 2009 16:23

                 Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 13 август муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ Аъзамҷон Мирзоев барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки бемории табларзаи хунин танҳо дар як ноҳия ба қайд гирифта, дар минтақаҳои дигари мамлакат паҳн нагардидааст.                  Муовини вазир изҳор намуд, ки бемории табларзаи хунин дар Тоҷикистон бештар аз 10 сол боз ба қайд гирифта мешавад ва ҳар сол ба ин беморӣ тақрибан 20 нафар гирифтор мегардад. Одатан ҳар сол аз ин беморӣ қариб 70 фоизи беморон вафот мекунанд, вале шумораи фавтидагон дар Тоҷикистон 30 — 35 фоизро ташкил медиҳаду халос, гуфт А.Мирзоев.                 Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки бемории мазкур дар давоми 10 соли охир дар ноҳияҳои Файзобод, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Ҷиргатол, Турсунзода, Восеъ, Данғара, Балҷувон ва Кӯҳистони Кӯлоб ба қайд гирифта шуд. Дар давоми 7 моҳи гузаштаи соли равон дар шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб, Душанбе ва ноҳияҳои Темурмалику Рӯдакӣ 12 нафар бемор дар шифохона табобат карда шуд. Аз ин ҷумла дар ноҳияи Турсунзода се нафар вафот кард. Шахсони боқимонда баъди ташхис ва табобат ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.                 Айни ҳол дар шифохонаи марказии бемориҳои сирояткунандаи ноҳияи Турсунзода ягон бемори гирифтори табларзаи хунин нест. Шифохонаи бемориҳои сирояткунандаи ноҳия баъди безарар гардондани он бо доруҳои химиявӣ боз ба қабули беморон шурӯъ намуд. Дар ин ҷо беморон комилан ройгон бо ёрии доруҳои гаронбаҳо, аз ҷумла рибоверин табобат карда шуданд.                 Айни ҳол Вазорати тандурустӣ ҳамроҳи ташкилоту идораҳои дигар дар байни аҳолӣ ва кормандони соҳаи тиб тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳо ва фаҳмондадиҳиро мегузаронад. Бинобар ин имрӯз барои ба воҳима андохтани аҳолӣ ягон асос вуҷуд надорад, гуфт дар хотима Аъзамҷон Мирзоев.                                                                                                             Тарҷумон — Қудратов А.     

Август 13, 2009 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар