ОҚИЛ ОҚИЛОВ БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ НБО РОҒУН ШИНОС ШУД
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз, 14 август ба шаҳри Роғун рафта, бо ҷараёни сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ба бастани маҷрои дарёи Вахш тайёрӣ дида мешавад. Тибқи нақша маҷрои дарёи Вахш бояд охири соли равон баста шавад. Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳ 6000 нафар кор мекунад. Оқил Оқилов баъди шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони нерӯгоҳ маҷлиси ситоди кории онро гузаронд. Дар маҷлис роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сохтмонии мамлакат иштирок доштанд. Сарвазир дар бобати хушсифат ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар мӯҳлати муқарраршуда дастуру супоришҳои мушаххас дод. Тарҷумон — Қудратов А.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






