ОЛИ САЪД: «ҲАДАФ ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ БАРОИ КОР ДАР ДОХИЛИ КИШВАР АСТ»

Август 28, 2009 14:09

                  Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими шиносонӣ бо лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кӯли Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, доир гардид.                  Пас аз маросими муаррифии лоиҳаи мазкур раиси иҷроияи Ширкати қатарии «ад-Диёр» Ғоним ибни Саъд Оли Саъд иброз дошт, ки Ҳукумати Давлати Қaтap ба дастгирии пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути лоиҳаҳои ширкати қатарии «ад-Диёр», ҳавасманд аст.                  Ӯ афзуд, ки ҳадафи мо он аст, ки лоиҳаи «Диёри Душанбе» ҳамчун як лоиҳаи комил ва ҳамаҷониба бо намунаи баланд шаҳрвандони кишвар ва хориҷиёнро барои истиқомату кор дар Душанбе ҷалб созад.                 «Дар ҳоли ҳозир қувваи мо ба сохтмони маҷмааи истиқоматӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун набзи ҳаёт равона гардида, ба аълотарин меъёрҳои бошукӯҳ ва фароғатӣ дар ҷаҳони амволи ғайриманқул мувофиқи нақшаи сармоягузорӣ ва иқтисодии омӯхташуда ноил мегардад ва баландтарин сатҳи маиширо таъмин месозад. Мо имкониятҳои васеъро дар шаҳри Душанбе мебинем, ки лоиҳаи пешбарандаи аз ҷиҳати иқтисодӣ хуб омӯхта шуда ва дар сатҳи баланди маишӣ бударо дастгирӣ менамояд», — таъқид дошт Оли Саъд.                  «Диёри Душанбе» то ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон сохта мешавад. Қобили тазаккур аст, ки дар татбиқи ин лоиҳа 90 фоиз коргарону сохтмончиёни ватанӣ ҷалб хоҳанд шуд.  

Август 28, 2009 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид