ОЛИ САЪД: «ҲАДАФ ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОНИ ҶТ БАРОИ КОР ДАР ДОХИЛИ КИШВАР АСТ»
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27 август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими шиносонӣ бо лоиҳаи сохтмони як силсила биноҳои замонавӣ, ки дар соҳили ҷанубии кӯли Ҷавонони пойтахт бунёд хоҳанд ёфт, доир гардид. Пас аз маросими муаррифии лоиҳаи мазкур раиси иҷроияи Ширкати қатарии «ад-Диёр» Ғоним ибни Саъд Оли Саъд иброз дошт, ки Ҳукумати Давлати Қaтap ба дастгирии пешравии иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути лоиҳаҳои ширкати қатарии «ад-Диёр», ҳавасманд аст. Ӯ афзуд, ки ҳадафи мо он аст, ки лоиҳаи «Диёри Душанбе» ҳамчун як лоиҳаи комил ва ҳамаҷониба бо намунаи баланд шаҳрвандони кишвар ва хориҷиёнро барои истиқомату кор дар Душанбе ҷалб созад. «Дар ҳоли ҳозир қувваи мо ба сохтмони маҷмааи истиқоматӣ ва тиҷоратӣ ҳамчун набзи ҳаёт равона гардида, ба аълотарин меъёрҳои бошукӯҳ ва фароғатӣ дар ҷаҳони амволи ғайриманқул мувофиқи нақшаи сармоягузорӣ ва иқтисодии омӯхташуда ноил мегардад ва баландтарин сатҳи маиширо таъмин месозад. Мо имкониятҳои васеъро дар шаҳри Душанбе мебинем, ки лоиҳаи пешбарандаи аз ҷиҳати иқтисодӣ хуб омӯхта шуда ва дар сатҳи баланди маишӣ бударо дастгирӣ менамояд», — таъқид дошт Оли Саъд. «Диёри Душанбе» то ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон сохта мешавад. Қобили тазаккур аст, ки дар татбиқи ин лоиҳа 90 фоиз коргарону сохтмончиёни ватанӣ ҷалб хоҳанд шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






