ОРИЁНФАР: «ИНТИХОБОТ БИДУНИ ТАҚАЛЛУБКОРӢ ҶАРАЁН МЕГИРАД»
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 20-уми август аз соати 7-и субҳ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Раиси ҷумҳури ин кишвар ва вакилони 34 ҷиргаи вилоятӣ шурӯъ шуд. Тибқи иттиллои атташеи матбуотии Сафорати Афғонистон дар Душанбе Шамсулҳақи Ориёнфар бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар 34 музофот 6 ҳазору 550 ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуда, дар онҳо 170 ҳазор нафар корманд фаъолият доранд. Дар интихоботи Президентӣ 17, 5 миллион аҳолии Афғонистон ба ҷонибдории 32 номзад ба мансаби президентӣ, ки ду нафарашро зан ташкил медиҳад, райъ медиҳанд. Ҷараёни баргузории интихоботи президентиро беш аз 270 ҳазор нозирони миллию байналмилалӣ- намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони номзадҳо ба мансаби президентӣ мушоҳида менамоянд. Интихоботи президентӣ дар намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ ташкил карда намешавад. Барои таъмини амнияти баргузории интихобот тамоми ҷузъу томҳои мақомоти амниятӣ ва полиси кишвар сафарбар гардидааст. Интихобот то соати 4-и бегоҳ идома ёфта, баъдан аз ҷониби Комиссияи интихоботии Афғонистон натиҷаҳои он маълум карда мешавад. Шамсулҳақи Ориёнфар гуфт, ки аз байни номзадҳо ду номзад- Президенти феълӣ Ҳомид Карзай ва собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ имкони бештари гирифтани райъи интихобкунандагонро доранд. Интихоботи Президентӣ дар Афғонистон дар зарфи 5 сол як маротиба гузаронида мешавад. Ш. Ориёнфар афзуд, ки интихоботи Президентӣ дар Афғонистон дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ва бидуни тақаллубкорӣ сурат хоҳад гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






