РУСИЯ ҲАМЧУН ШАРИКИ СТРАТЕГӢ БОҚӢ ХОҲАД МОНД

Август 3, 2009 09:13

                Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев, дар се соли охир Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 860 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст. Бино ба гуфти ҷаноби Яковлев, 65 фоизи миқдори умумии маблағгузорӣ, ки дар нимсолаи якуми соли 2008 ба соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон ҷалб карда шудааст, ба Федератсияи Русия тааллуқ дорад.                Боиси тазаккур аст, ки соли 2008 ба иқтисодиёти Тоҷикис тон 31 давлати ҷаҳон маблағгузорӣ намуд, ки 75 фоизи онро инвеститсияи Русия ташкил дод.Ҷумҳурии Тоҷикистон савдои молро сол аз сол бо давлатҳои хориҷӣ зиёд мекунад. Дар миёни 97 давлати ҷаҳон, ки Тоҷикистон бо онҳо муносибатҳои савдоӣ дорад, Русия дар ҷои аввал меистад.                Боиси ёдоварист, ки гардиши мол соли 2008 миёни Тоҷикистон ва Русия ба 1,2 миллиард расонида шуд.                Дар нимсолаи якуми соли 2009 бошад гардиши мол 28 фоиз коҳиш ёфт ва ин то охири соли 2009 дар муқоиса ба соли 2008 20 — 25 фоиз кам мегардад, ки ин ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ вобаста аст.              Ба ҳар навъ, маблағгузории Русия дар соҳаи энергетика ва истихроҷи газ бештар ба чашм мерасад. Ин мазмуни онро дорад, ки Русия барои Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ боқӣ хоҳад монд.

Август 3, 2009 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид