СОХТМОНИ КӮПРУКИ НАВ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

Август 4, 2009 09:43

                       Рашт, 4 август. (АМИТ «Ховар», Ризвонов М.).- Сохтмони кӯпруки мошингузари деҳаи Янғолиқи ҷамоати деҳоти Ҷафр, ки баъди сохтмони он ба 16 ҳазор сокинони ҷамоатҳои Лангаришоҳ, Аскамон, Ҳиҷборак хизмат мерасонад, ҳанӯз дар солҳои шӯравӣ бо сабабҳои гуногун сохтмони он қатъ гардида буд. Соли 2008 бо дастгирии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин кӯпрук, ки кайҳо одамон мунтазири сохтмонаш буданд оғоз гардид. Кӯпрукро сохтмончиёни Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати нақлиёт ва коммунискатсияи ҶТ, Ҷамъияти саҳҳомии «Кӯпруксоз-32» ба ӯҳда доранд.                      Айни ҳол сохтмон бо муваффақият идома дошта, дарозии кӯпрук 226 метр, бараш 5 метру 90 сантиметр, борбардориаш 60 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳоло 80 % кори сохтмону монтажкунии пул ба сомон расидааст. Сохтмончиён ният доранд, ки сохтмони пулро дар охирҳои моҳи августи соли равон анҷом дода, онро ҳамчун тӯҳфаи ҷашнӣ пешкаши сокинони деҳаҳои номбурда намоянд.

Август 4, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад