ТАҲЛИЛИ ЗАМИНАИ ҚАРОРДОДИЮ ҲУҚУҚИИ ИДМ
Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ рӯзҳои 11 ва 12 август дар шаҳри Минск рафти иҷрои қарорҳои дар доираи ИДМ қабулгардидаро мавриди муҳокима қарор дод. Дар маҷлис пешниҳод шуд, ки боз 47 қарори қабулнамудаи Шӯрои сарони давлатҳо, 22 қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва як созишномаи байналхалқӣ беэътибор дониста шавад. Ин қарорҳо ба фиристодани мушоҳидон ба интихоботи мамлакатҳои ИДМ, раёсат дар мақомоти ИДМ ва созишномаи принсипҳои марбут ба сиёсати гумрук дахл доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки таҳлилу баррасии заминаи қарордодию ҳуқуқии ИДМ соли 2000 шурӯъ гашта буд. Аз ҳамон вақт то имрӯз 493 қарори дар доираи ИДМ қабулгардида беътибор дониста шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






