ТАҲЛИЛИ ЗАМИНАИ ҚАРОРДОДИЮ ҲУҚУҚИИ ИДМ

Август 14, 2009 09:32

                Душанбе, 14 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ рӯзҳои 11 ва 12 август дар шаҳри Минск рафти иҷрои қарорҳои дар доираи ИДМ қабулгардидаро мавриди муҳокима қарор дод. Дар маҷлис пешниҳод шуд, ки боз 47 қарори қабулнамудаи Шӯрои сарони давлатҳо, 22 қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва як созишномаи байналхалқӣ беэътибор дониста шавад. Ин қарорҳо ба фиристодани мушоҳидон ба интихоботи мамлакатҳои ИДМ, раёсат дар мақомоти ИДМ ва созишномаи принсипҳои марбут ба сиёсати гумрук дахл доранд.                Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки таҳлилу баррасии заминаи қарордодию ҳуқуқии ИДМ соли 2000 шурӯъ гашта буд. Аз ҳамон вақт то имрӯз 493 қарори дар доираи ИДМ қабулгардида беътибор дониста шуд.

Август 14, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд