ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ХОРИҶА
Маскав, 11 август. (АМИТ «Ховар» — РБК. ру ). — Президенти Русия Дмитрий Медведев ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунро дар бораи истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат берун аз қаламрави Русия пешниҳод намуд. Вай зимни мулоқоташ бо роҳбарони ҳизбҳои парлумонии мамлакат дар Сочи дар ин бора сухан ронд. Президент изҳор намуд, ки қабули қонуни мазкур ба воқеаҳои як сол пеш дар минтақаи Қафқоз рухдода вобаста мебошад. Қайд карда шуд, ки ин масъала бояд дар асоси қонун ба низом дароварда шавад. Мо намехоҳем, ки воқеаҳои гузашта такрор шаванд. Вале зарур аст, ки ин масъала қонунан ба низом дароварда шавад. Д. Медведев ба роҳбарони ҳизбҳо пешниҳод кард, ки воқеаҳои як сол пеш дар Қафқоз рухдодаро бори дигар муҳокима намуда, аз оқибати таҷовузи Гурҷистон ба Иристони Ҷанубӣ ва хавфи он ба сулҳи минтақа хулоса бароранд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






