ТОҶИКИСТОН БОҒИ САРСАБЗ МЕШАВАД
Душанбе, 19 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, соли 2009 барои парвариши ниҳолҳо дар хоҷагиҳои ҷангали ҷумҳурӣ хеле мусоид омад. Дар даҳҳаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ ҳамаи ниҳолҳои дар тирамоҳи соли 2008 ва баҳори соли 2009 шинондашуда пурра аз назар гузаронида шуданд. Санҷиш нишон дод, ки 85 фоизи ниҳолҳо аз тарафи кормандони хоҷагиҳои ҷангал сабзонида шудаанд, ки ин дар 5 соли ахир бори аввал ба чунин муваффақият ноил шудани кормандони кумита мебошад. Дар мавзеи «Сайёд» — и деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз 131 ҳазор бех ниҳоли шинонидашуда 95 — 97 фоизи он сабзидаанд. Дар ин мавзеъ ҳамчунин беш аз 892 кг тухмиҳои дарахтони ҳархела кишт карда шудааст. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои ҷангал ба миқдори 250 кг тухмии дарахтони санавбар ҷамъоварӣ карда шуда, майдони ниҳолхонаҳои хоҷагиҳои ҷангал ба 43, 19 га ва майдони парвариши ниҳолҳою кӯчатҳо ба 55, 94 га расонида шудааст, ки дар он 2 млн.230 ҳазор ниҳол парвариш меёбад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






