ТОЛИБҶОН СУЛТОНОВ БЕҲТАРИН БОЗИНГАР ДОНИСТА ШУД
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Чи тавре, ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар дода буданд, дар шаҳри Қанди Ҷумҳурии Қирғизистон аз санаи 7 то 12 августи соли равон мусобиқаи 5- уми байналмилали оид ба футбол ба хотираи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Қирғизистон Барис Низовцев байни наврасони соли таваллудашон 1994 баргузор гардид. Дар мусобиқаи номбурда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи фудболи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олӣ варзишӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид. Даста бо медали нуқраи Ҷ.Қирғизистон ва Ҷоми футболи Абдим Ато сарфароз гардонида шуд. Инчунин, дар он футболбози тоҷик Толибҷон Султонов беҳтарин бозингар дониста шуд, ки дар тарбияи ӯ ҳиссаи мураббиён Зайниддин Раҳматов ва Қосим Қурбонов қобили қайд аст.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






