ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БЕРЛИН ИШТИРОК ДОРАНД
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Табаров). — Варзишгарони тоҷик — гурзпартоён Дилшод Назаров ва Галина Митяева дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон иштирок доранд, ки имрӯзҳо дар Берлин баргузор мегардад. Дилшод Назаров имрӯз ҳамроҳи 12 нафар гурзпартоёни беҳтарини ҷаҳон қувваозмоӣ мекунад. Галина Митяева маҳораташро 20 август нишон хоҳад дод. Дар ин мусобиқа намояндагони 203 федератсияи миллии навъҳои гуногуни варзиш иштирок доранд. Дар мусобиқа асосан варзишгароне иштирок доранд, ки мамлакатҳояшон узви Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук мебошанд. Маблағи умумии мукофотҳои мусобиқа 7 миллиону 336 ҳазор доллари ИМА мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






