ҒОЛИБИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ҲАНӮЗ МАЪЛУМ НЕСТ
Кобул, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар» Вести.ру). – Рақиби асосии президенти ҳозираи Афғонистон, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Абдуллои Абдулло талаб намуд, ки дар мамлакат даври дуюми интихоботи президент гузаронида шавад. Вай дирӯз зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳори боварӣ намуд, ки даври дуюми интихобот эътимоди халқро ба интихобот қавитар хоҳад сохт. Ман хостгори ягон манфиати шахсӣ нестам, танҳо ба манфиати халқ кӯшиш ба харҷ медиҳам, гуфт Абдуллои Абдулло. Аз рӯи маълумоти охирин, баъди ҳисоб кардани 95 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ, 54,3 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Ҳ.Карзай овоз додаанд. Танҳо 28,1 фоизи интихобкунандагон Абдуллои Абдуллоро дастгирӣ менамоянд. Мувофиқи қонуни интихобот, дар ин маврид гузаронидани даври дуюми интихобот талаб карда намешавад. Вале Абдуллои Абдулло даъво дорад, ки зимни ҳисоб кардани овозҳо ба қонуншиканӣ ва таҳрифоти зиёд роҳ дода шудааст. Илова бар ин, ба қавли ӯ, дар ҷараёни овоздиҳӣ ба қаллобӣ ва таҳрифкориҳои зиёд роҳ дода шуд. Агар даври дуюми интихобот гузаронида шавад ва дар мавриди дурусту одилона ҳисоб кардани овозҳо Карзай ғалаба ба даст орад, ин танҳо ба манфиати халқу мамлакат хоҳад буд, гуфт Абдулло. Айни ҳол комиссияи махсус далелҳои қонуншиканӣ ва нодуруст ҳисоб кардани овозҳоро дар интихобот тафтиш мекунад. Чанд рӯз пеш аъзои комиссия ҳодисаҳои сершумори нодуруст ҳисоб кардани овозҳоро ошкор намуд. Дар натиҷа, аъзои комиссия қариб ним миллион варақаи овоздиҳиро беэътибор дониста метавонад. Як ҳафта пеш зиёда аз 200 ҳазор варақаи овоздиҳӣ беэътибор дониста шуда буд. Дар натиҷа то имрӯз эълон карда нашудааст, ки дар интихоботи президент кӣ ғолиб омад. Натиҷаҳои интихобот бояд 17 сентябр эълон карда шаванд. Вале бо сабаби идома ёфтани тафтишҳо, рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот шояд ба мӯҳлати дигар гузаронида шавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






