ҒОЛИБИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ҲАНӮЗ МАЪЛУМ НЕСТ

Сентябрь 15, 2009 14:15

                Кобул, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар» Вести.ру). – Рақиби асосии президенти ҳозираи Афғонистон, вазири собиқи корҳои хориҷӣ Абдуллои Абдулло талаб намуд, ки дар мамлакат даври дуюми интихоботи президент гузаронида шавад. Вай дирӯз зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳори боварӣ намуд, ки даври дуюми интихобот эътимоди халқро ба интихобот қавитар хоҳад сохт. Ман хостгори ягон манфиати шахсӣ нестам, танҳо ба манфиати халқ кӯшиш ба харҷ медиҳам, гуфт Абдуллои Абдулло.                Аз рӯи маълумоти охирин, баъди ҳисоб кардани 95 фоизи варақаҳои овоздиҳӣ, 54,3 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Ҳ.Карзай овоз додаанд. Танҳо 28,1 фоизи интихобкунандагон Абдуллои Абдуллоро дастгирӣ менамоянд. Мувофиқи қонуни интихобот, дар ин маврид гузаронидани даври дуюми интихобот талаб карда намешавад. Вале Абдуллои Абдулло даъво дорад, ки зимни ҳисоб кардани овозҳо ба қонуншиканӣ ва таҳрифоти зиёд роҳ дода шудааст. Илова бар ин, ба қавли ӯ, дар ҷараёни овоздиҳӣ ба қаллобӣ ва таҳрифкориҳои зиёд роҳ дода шуд. Агар даври дуюми интихобот гузаронида шавад ва дар мавриди дурусту одилона ҳисоб кардани овозҳо Карзай ғалаба ба даст орад, ин танҳо ба манфиати халқу мамлакат хоҳад буд, гуфт Абдулло.              Айни ҳол комиссияи махсус далелҳои қонуншиканӣ ва нодуруст ҳисоб кардани овозҳоро дар интихобот тафтиш мекунад. Чанд рӯз пеш аъзои комиссия ҳодисаҳои сершумори нодуруст ҳисоб кардани овозҳоро ошкор намуд. Дар натиҷа, аъзои комиссия қариб ним миллион варақаи овоздиҳиро беэътибор дониста метавонад.                 Як ҳафта пеш зиёда аз 200 ҳазор варақаи овоздиҳӣ беэътибор дониста шуда буд.                 Дар натиҷа то имрӯз эълон карда нашудааст, ки дар интихоботи президент кӣ ғолиб омад. Натиҷаҳои интихобот бояд 17 сентябр эълон карда шаванд. Вале бо сабаби идома ёфтани тафтишҳо, рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот шояд ба мӯҳлати дигар гузаронида шавад.

Сентябрь 15, 2009 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад