ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МАЪЛУМОТИ МАХФӢ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Рӯзҳои 8 ва 10 сентябр дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони ИДМ баргузор мегардад. Дар он лоиҳаи созишномаи ҳифзи маълумоти махфӣ ва қоидаҳои ба ҳамдигар додани маълумоти махфӣ дар мақомоти ИДМ такмил дода ва мувофиқа карда мешаванд. Ҳадафи созишнома таъмини муҳофизати маълумоти махфӣ дар мамлакатҳои ИДМ ва маълумоти марбут ба ҳамкорӣ дар доираи ИДМ додашавандаю гирифташаванда мебошад. Дар лоиҳаи қоидаҳо талабот ба шахсони ваколатдор, ки бо маълумоти махфӣ сару кор доранд, вазифаҳои онҳо, тартиби ба даст овардан, муайян намудани дараҷаи махфӣ будани маълумот, қоидаҳои нигоҳ доштан, таҳти назорат қарор додан ва ба ҳамдигар додани маълумоти махфӣ муқаррар карда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» ха+бар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.








Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд






