ҲАВО БОЗ ГАРМ ШУД

Сентябрь 14, 2009 15:06

               Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). -Рӯзҳои охир ҳавои қисмати бештари минтақаҳои Тоҷикистон, хусусан водиҳои он боз хеле гарм шуд. Ҳарорати ҳаво дар бисёр ҷойҳо ба 38 дараҷаи Селсия мерасад.                Сардори муассисаи давлатии ҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гарм шудани ҳаво ба дохил гардидани мавҷи ҳавои гарми ҷанубу ғарбӣ аз самти Эрон, Покистон ва Афғонистон ба фазои мамлакат вобаста мебошад. Дар натиҷа таъсири мавҷи ҳавои сарди Сибир то андозае суст шуд. Ҳарорати ҳавои минтақаҳои ҷумҳурӣ айни ҳол аз 29 то 34 дараҷаи Селсия гарм мебошад.               Ҷ.Байдуллоева афзуд, ки ҳавои мамлакат то 21 сентябр тадриҷан гармтар мешавад.

Сентябрь 14, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ