15 –УМИ СЕНТЯБР ВАЗОРАТИ МАОРИФ БА СУДИ ИҚТИСОДӢ ДАЪВАТ МЕШАВАД
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вакили дифои Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон Шӯҳрат Қудратов, 30 юми июли соли ҷорӣ Суди иқтисодии шаҳри Душанбе фармони вазири маорифро нисбат ба қатъ кардани фаъолияти донишкадаи мазкур беасос донист ва баъд аз гузаштани чанд рӯз суд аз ин тасмими худ даст кашид. Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Хосият Маҳмадиева рӯзи 3 — юми сентябр дар ҷаласаи судӣ, ки бо иштироки тарафҳо сурат гирифт мурофиаи судиро 15 –уми сентябр таъин кард. Муовини вазири маориф Фарҳод Раҳимов, ки намояндаи ҷавобгар мебошад, нисбат ба таъхир андохтани баррасии парванда хавф аз он дорад, ки ҳалли қазияи мазкур метавонад ба фоидаи донишкада гардад. Боис ба ёдоварист, ки вазири маориф қабули довталабонро дар донишкадаи мазкур барои соли 2009 – 2010 23 – юми июл манъ намуд ва баъди як моҳ 20 –уми август 00 иҷозатномаи фаъолияти донишкадаро низ қатъ намуд. Акнун дар Суди иқтисодӣ маълум хоҳад шуд, ки ғалабаро муассиси донишкада, ки шаҳрванди Амрикост, ба даст меорад ё Фарҳод Раҳимов, ки намояндаи ҷавобгар аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






