АНБОРИ АСЛИҲА ДАР ХОНАИ ШАХСӢ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Кормандони милиса 10 сентябр дар ҷараёни амалиёти таъҷилӣ аз хонаи шахсии сокини ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод Толибҷон Сафарови 30 – сола анбори аслиҳа ёфтанд. Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз хонаи Т.Сафаров аз ҷумла, 955 грамм моддаи тарканда, дурбини ҳарбӣ, ду тирдони милтиқи шикорӣ ва миқдори зиёди тир ёфт шуд. Айни ҳол нисбати Т.Сафаров аз рӯи моддаи дахлдори Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Мақомоти тафтишкунанда дафтари аъмоли ҷинояткорро мавриди тафтиш қарор медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






